Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар беморхонаи сили Ҷамоати шаҳраки Балх оид ба пешгирӣ ҳамагуна бемориҳо, аз ҷумла коронавирус вохӯрӣ доир намуданд.Дар суҳбат мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроия Содиқова Меҳрубон иброз дошт, ки пайдо шудану бо суръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонида, мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст ва мушкилоти зиёдеро пеш овардааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд, набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳои беасос дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро хароб мекунад. Инсон танҳо дар ҳамбастагӣ бо фазои солим ва руҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб барояд.