БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ НОҲИЯВӢ ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиматҳои миллӣ. Дар асоси маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз санаи 13 то 15-уми августи соли ҷорӣ баргузории маҷлисҳо оғоз гардиданд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаб интернат” маҷлиси ҳизбиро  гузаронида, ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи ҲХДТ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   интихоби вакил ба конференсияи 15-уми ноҳиявӣ,  иҷрои саривақтии  нақшаи обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2021, рафти муқоисакунии аъзои ҳизбро  баррасӣ карда,
 аз ҳамагон барои ҳарчи зудтар татбиқ  намудани масъалаҳои  мазкур даъват ба амал оварданд. Дар охир  бо ҳамовозии  иштирокдорон аз  ташкилоти ибтидоии мазкур  се нафар вакил ба конференсияи 15 -уми ноҳиявӣ  пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg