ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи ХV (ғайринавбатии) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ номзади арзандаи худ- Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзодаро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаи интихоботии “Панҷ-54” пешбарӣ намуд.
Дирӯз номзад аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмуддин Абдусалимзода дар ҳавзаи болозикр бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат вохӯрӣ баргузор намуда, барномаи пешазинтихоботии худро бо фарогирии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия матраҳ намуд. Миралиён Қиёмиддин дар баромадаш ҳадафу мақсадҳои ҳизбро бо барномаи пешазинтихоботии худ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки дар сурати дастболо шудан дар интихоботи дарпешистода, зина ба зина дар бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинон мусоидат менамояд.