БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИС МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз рӯи баррасии масъалаҳои фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, даъвати Конференсияи 29-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, тасдиқи ҷадвали гузаронидани маҷлисҳои ташкилотҳои  ибтидоӣ  ва  пешбарии  вакилон  ба  конференсияи  ноҳиявӣ баргузор гардид.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилӣ суханро ба роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Собирзода Диловаршо дод. Мавсуф вобаста ба фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар давраи ҳисоботӣ муфассал гузориш дода, қайд намуд, ки бо  мақсади амалӣ намудани қарорҳои Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, дастуру супориш ва  ҳидоятҳои Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Ҷайҳун корҳои муайяне роҳандозӣ карда шудаанд.  Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома Ҳасанзода Тағоймурод  қайд намуд, ки санаи 17 августи соли ҷорӣ Конфресияи 29-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун муайян карда шудааст. Ҳамчунин Ҳасанзода Т. доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис иброз дошт, ки барои муайян намудани вакилон ба Конфренсия аз 13 то 15 августи соли ҷорӣ маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тибқи ҷадвал баргузор мегарданд. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg