БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН МАНБАИ ХУБИ ДАРОМАД АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав  оид ба  пешгирии  паҳншавии  бемории  коронавирус, ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ оид ба  хуруҷи  марҳилаи  дуюми бемории сироятии коронавирус,    ҳамчунин   истифодаи  оқилонаи  ҳар як ваҷаб замин баргузор намуда истодаанд

Кормандони   Кумитаи  иҷроия бо сокинони деҳаи  Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Фирӯза суҳбату  вохӯриҳо  вобаста  ба  масъалаҳои  мазкур баргузор намуда,

ба ҷамъомадагон ҳолатҳои     пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятиро  фаҳмонида,   қайд  намуданд, ки  роҳи  ягонаи    пешгирии  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ  пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ  ва  риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоем. 

Ҳамчунин,  истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои  президентӣ  ва захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ, бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани ягон  ваҷаб заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир баррасӣ карда шуд. Ба  сокинони  деҳаи  Наврӯз як миқдор маҳлули хлордор ва 140  адад  варақаи  иттилоотӣ ва   125  адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим  карда  шуд.

 

                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg