Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ҷиҳати пешгирии хатари бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав доир ба фаҳмонидани роҳҳои иловагии пешгирии бемории коронавирус дар деҳаҳаи Муротеппа 1-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявиро тақсим намуданд. Ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, аз ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Сипас, бо мақсади расонидани кумак вобаста ба безараргардонӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроия маводи безараргардонии маҳлули хлор ва 140 дона ниқобҳои тиббӣ дастраси сокинон гардонида шуд.
Дар охир оид ба истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, хуб ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.