ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо мақсади ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус Аксияи таблиғотии “хона ба хона гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 89 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуданд. Дар суҳбатҳои доирнамуда ба ҳозирин роҳҳои пешгирии ин бемории сироятӣ фаҳмонида шуда, ба онҳо барои иҷро варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.