ПАНҶ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар деҳаи Ҳамдилони ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ доир ба Конфренсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез», тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ дар баробари тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳадафи таъсиси ташкилоти ибтидоии нави ҳизб дар деҳаи Ҳамдилон буд.
Холов Диловар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади боз ҳам васеъ кардани фаъолияти ҲХДТ дар маҳал ва деҳоти ноҳия мувофиқи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 5 нафар сокинони деҳа барои шимол шудан ба сафи ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар фароварди чорабинӣ фаъолон ва бошандагони деҳаи Ҳамдилон Гурезова Раҷабмоҳ ва Одинаев Бахтиёр баромад намуда, қайд карданд, ки аъзои ҲХДТ шудан барои мо мояи ифтихор буда, мо ҳамаҷониба дастгир ва пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳастем ва дар сиёсати Роҳбари давлат ҳамеша устуворем.