БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа: Манфиатҳои миллиро дар мадди аввал бояд гузошт!

КӮЛОБ. Асоси фаъолияти ҲХДТ-ро таблиғот ташкил медиҳад.

Бо ҳамин ният Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста раванди корҳои таблиғотиро тавассути суҳбату мулоқотҳо гузаронида истодааст.

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сектори хусусӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор шуд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сектори хусусӣ” Қодирова Фирӯза иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ дар рафти суханронии худ изҳор кард, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асосёфта иқтидори худро равона менамояд ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститусионии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад, пайваста талош меварзад.

Дар навбати худ Қодирова Фирӯза баромад намуда, қайд кард, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи қонун мубориза хоҳем бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg