ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!". Мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и деҳаи Сафарбоёни Ҷамоати деҳоти Кангурт баргузор гардид.
Дар мулоқот, масъулин нисбати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқ замин бо мақсади саҳгузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 андешаронӣ карда шуд.
Сипас, масъулин дар идомаи суҳбат вобаста ба корҳои таъмириву рангубори муассисаҳои таълимӣ мулоҳизаронӣ карда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо дар тамоми муссисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардани кӯдакону наврасон ва ҷавонон корҳои созандагиву ободкорӣ идома дошта, дар ин амалӣ созанда саҳми аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии "Давлатшоён" басо арзанда мебошад.