БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ...

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бархурдор намудани сокинон  аз бемории сироятии коронавирус  ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Кангурт бо усули “хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи ҷалби сокинон ба зироаткорию  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешигирии бемории сироятии COVID – 19 ва инчунин, ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози  сухан  намуда, аз ҳамагон даъват ба  амал овард, ки дар татбиқи  дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба пешрафту тараққиёти Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи  мардум  равона  карда шудааст, садоқатмандона талош варзанд.  

Дар анҷоми суҳбат ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg