ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Чашмасор”-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” доир гардида, ба сокинон муроҷиатнома, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшак ва маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карда шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардиданд, ки ба масъалаи риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифода бурдан аз ниқобҳо ва дастпӯшакҳо, худдорӣ намудан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус диққати ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандоне, ки синни даъватиянд ба хизмати Ватан-Модар дар даъвати тирамоҳӣ раҳнамоӣ кунанд, то ин ки онҳо қарзи ҷавонмардии хешро дар назди халқу Ватан адо намоянд.