БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори ҶСК «Азот» бо иштироки узви Кумитаи иҷроия, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар шаҳри Левакант дар бораи омодагии сохторҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Ташкилотҳои ҳизбии шаҳр вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти худ вобаста ба дар сатҳи баланди омодагиҳо доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ низ муваззаф шуданд, ки нақшаи кории худро таҳия намуда, корро дар самти татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, аз ҷумла тарғиби интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намоянд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа масъалаи даъвати Конференсияи   22-юми ҲХДТ дар шаҳри Левакант муҳокима гардид. Дар охир аз рӯи масъалаҳои  мазкур қарорҳоии дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg