БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Тугараки  Ҷамоат деҳоти Тугарак бо усули «хона ба хона» баҳри пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус (СОVID-19) ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ намудани бемории сироятии  коронавирус ба сокинон тавсияҳо дода, ҳушдор доданд, ки ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд.

Дар фарҷом ба сокинон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои он дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg