ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат чорабинии таблиғотии ҳизбиро дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо усули "хона ба хона" роҳандозӣ намуданд.
Дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ масъулин иброз доштанд, ки баъзе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, ки ин боиси гирифторшавӣ ба беморӣ мегардад. Аз ин лиҳоз мо бояд тамоми гуфтаҳои мутахассисони соҳаи тибро ҷонибдорӣ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе зарурат гаштугузор накунем, ҳангоми ба берун баромадан аз ниқобҳои тиббӣ истифода барем, риояи фосилаи иҷтиморо ба роҳ монем худ ва наздиконамонро мубтало ба ин беморӣ нагардонем.
Дар охир ба ҳар як иштирокдорон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.