БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИЗБӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Тибқи қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷадвали баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия тасдиқ карда шуда, аз санаи 13 то 15 августи соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ташкилоти ибтидоӣ баргузор гашта истодааст.

Бо ин мақсад дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Ҳалевард” маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он масъалаи  маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ”, муқоисакунии аъзои ҳизб ва  интихоби вакил ба конфренсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ  гардиданд. Дар маҷлис аз рӯи масъалаҳои мазкур намояндагони ҳизбӣ  баромад карда, барои  ҳарчи зудтар ва саривақт  иҷро намудани  нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ дар давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ба шахсони муттасаддӣ маслиҳатҳои судманд доданд. Дар охир бо дастгирии  ҷамъомадагон 1 нафар  вакил ба конфренсияи  ноҳиявӣ пешбарӣ  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg