
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати огоҳ намудани сокинон аз паҳншавии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус корҳои оммафаҳмонӣ идома доранд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ бо сокинон пайваста вохӯриҳои фосилавӣ анҷом дода, ба онҳо маводҳои иттилоотиро барои иҷро тақсим менамоянд.