
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Зимни маҷлис масъулин қайд карданд, ки солимии ҷомеа пеш аз ҳама аз соҳибмаълумот ва соҳибкасб будани кормандони соҳаи тандурустӣ вобастагии калон дорад. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Президенти кишвар Пешвои миллат дар Паёмашон иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад.
Ҳамчунин, дар фарҷоми чорабинӣ бошад, тибқи талаботи Оинома аз ташкилотии ибтидоии болозикр 5 нафар вакил ба Конфренсияи ҳизбӣ пешбарӣ гардиданд.