БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН - ТАЪМИНИ РӮЗГОРИ ОСОИШТА

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    корҳои  фаҳмондадиҳиро  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  коронавирусро    тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ миёни   сокинони  деҳаи  Наврӯзи  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза   баргузор  намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ  моҳияти истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  тибқи  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   кунунии   ҷаҳони  муосир    ба дарки ҳамагон расонида шуда, масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҳар ваҷаб заминро дар ин давраи мураккаби зиндагӣ бекор намонанд ва  дар  таъмини амнияти озуқаворӣ талош варзанд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонии шаҳрвандон  як миқдор маводи  безаргардонии маҳлули гипохлориди  калсий ва 150  дона ниқобҳои тиббӣ   дастраси  сокинон  карда шуд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg