БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБИ ТИББӢ РИОЯИ ҚОИДАИ БЕҲДОШТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав оид ба  пешгирии  паҳншавии  бемории  коронавирус, ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо бо сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ оид ба хуруҷи  марҳилаи  дуюми бемории сироятии короновирус,    ҳамчунин   истифодаи  оқилонаи  ҳар як ваҷаб замин ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда  баргузор намуда  истодаанд.

Кормандони Кумитаи  иҷроия ин навбат бо сокинони деҳаи Навободи  Ҷамоати деҳоти Фирӯза  суҳбат доир карда, ҳоатҳои     пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятиро  фаҳмонида,   қайд  намуданд, ки  роҳи  ягонаи    пешгирӣ аз  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ  пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ  ва  риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.  Барои   ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила,  шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоем.  Ҳамчунин, дар идома  истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои  президентӣ  ва кишти такрорӣ бо мақсади ба даст овардани ҳосимли фаровон   суҳбат карда шуда,  сокинон таъкид гардиданд, ки  дар таъмини амнияти  озуқавории кишвар бо  меҳнати софдилона  саҳм гузоранд.

Дар охир намояндагони ҳизбӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, варақаҳои  таблиғотӣ ва  маводҳои безараргардониро тақсим карда, тавсия доданд, ки  дар рӯзгори ҳаррӯзаашон аз ин  маводҳо васеъ  истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg