БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗИКОНАТОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии  «Маорифчиён» бо  иштироки масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав    хониши  сиёсӣ  дар шакли семенар - машварати  омӯзишӣ  оид  ба  вазъи  сиёсии  ҷомеа  ва  рафти  пешгирии  паҳншавии мавҷи дуюми бемории  сироятии  коронавирус  баргузор  гардид.

Ҷаласаи мазкурро  мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов  Раҳмон ифтитоҳ  намуда,  қайд  кард, ки  имрӯзҳо  ҷаҳони  муосиро  дар  баробари  терроризму  экстремизм хуруҷ  ва   паҳншавии  бемории  сироятии  «КОВИД-19»  ба  ташвиш  овардааст.  Аз ин рӯ, ҳар  як  аъзои  ҳизб, хусусан  раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  корҳои  фаҳмондадиҳиро дар ин самт  вусъат  бахшида,   дар  корҳои  ободонию  бунёдкорӣ  низ саҳмгузор  бошанд. Дар  ҳар  як  деҳа, маҳалла  ва  ташкилоту  муассиса, муассисаҳои  таълимӣ    чорабиниҳои  фаҳмондадиҳиро миёни  аҳолӣ вусъат  бахшида, якҷоя  бо  кормандони  тиб   ҷиҳати  риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус шустани  дастон, риояи  масофаи  байниҳамдигарӣ, худдорӣ  аз нӯшидани  нӯшокиҳои  хунук,  безарурат набаромадан  аз хонаҳояшон ва   пешгирии  ҳама  гуна  чорабиниҳои   оммавиро   ба  роҳ  монда, баргузории тӯю  маъракаҳоро  зери  назорати  қатъӣ  гиранд.

Ҳамчунин,  бо  ҷалби  соҳибкорон, раисони  хочагиҳои  деҳқонӣ  ва  шахсони  саховатпеша  ҷиҳати  дастрас  ва тақсим  намудани  маводҳои  антисептикӣ  ва  ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус тадбирҳои  амалӣ  андешидан  зарур  мебошад.

Дар охир ба  саволу  дархостҳои   иштирокчиён аз ҷониби масъулин   ҷавобҳои  мушаххас гардонида  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg