
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Меҳнатобод барои пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус бо аҳолӣ доир гардида, дар рафти вохӯриҳо ба шаҳрвандон ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи ҳизбӣ, тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуданд. Дар навбати худ сокинон барои ташкили чунин чорабинии судманд аз ҳизбиён изҳори миннатдорӣ баён карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати ғамхоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.