БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола мебошад

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи Парвини ҷамоати шаҳраки Қубодиён доир ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оид ба ҳадафҳои дар Паёми имсола дарҷгардида сухан намуда, қайд кард, ки дар амалигардии вазифаҳои дар Паём ироагардида сокинони ноҳияи Қубодиён бо меҳнати поку софдилона, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин ва бо ин восита таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, даст кашидан аз фарҳанги ба миллати мо бегона ва эҳёи анъанаҳои миллии хоси мардуми тоҷик ҳиссагузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg