Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳову деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамъияти матлубот” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ карда шуда, иштирокдоронро дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизб ва рушду тараққиёти ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.