
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳо бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин вирус суҳбат каданд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуда, доир ба риояи гигиенаи шахсӣ баъзе маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин, бо аҳолӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ба истилоҳ президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсияҳои судманд дода шуд.