
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси COVID - 19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки ноҳия гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардониро тақсим намуда, тавсияҳои табибонро вобаста ба пешгирии коронавирус ба сардорони оилаҳо ба таври муфассал шарҳ доданд.