АНДЕША. Дар ривоятҳо омадааст, Шоҳ сояи Худо дар рӯи замин аст. Ин фармударо гаштаю баргашта фикр кардам ба фаъолияти Пешвои миллат, Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон муқоиса кардам. Воқеан ӯ шахсиятест аз ҷониби Худованд барои мо фиристода. Ӯ аз рӯзи аввали роҳбарӣ халқро ба зиндагии арзанда дилгарм сохт. Замони Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад соҳибмансабон тарки мансабу вазифа карда буданд. Ҳеҷ кас дар он ҳолат кор кардан намехост, курсиҳо ҳама холӣ буданд. Мардум нони хӯрдан, либоси пӯшидан, боварӣ ба якдигар, ба ҳамсоя, ҳамсинф, ҳамсабақ, ба ояндаи осоишта ва ба будану мондани давлати Тоҷикистон надоштанд.
Дигар зани тоҷик дар бораи захираи зимистона фикр намекард. Фарзандон орзуи хондану донишҷӯ шуданро аз сар дур карда буданд. Ҷавонон низ дар фикри тӯи арӯсию домодӣ ба бар кардани куртаи арӯсӣ ва ҷомаи домодӣ набуданд. Ҳама пиру ҷавон, марду зан ҳатто кӯдакон ғамзада буданд. Ҳамарӯза садои нолаи ҷонкоҳи модарон барои марги писари ғурамаргаш аз ҳар гӯшаи деҳу деҳкада ва шаҳр баланд ба гӯш мерасид. Он солҳо ман донишҷӯ будам дар курси дуюм таҳсил мекардам. Аз ёдам намеравад интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷасурона баромад кардани ӯ ва ба зиндагӣ дилгарм сохтани мардумуми тоҷик, ки хеле ҷавон буд он вақтҳо. Ва дар ин росто устод Низом Қосим хеле барҳақ гуфтааст:
Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,
Барои родмардиро намудан марди род омад.
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,
Зи сомон ҷустанаш он рафта Сомонӣ ба ёд омад.
Ҷавонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард,
Алайҳӣ нохудогоҳии халқи хеш исён кард.
Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,
Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо омадани худ ба сари давлат ба Тоҷикистон баракат овард. Ҳама ҷо серию пури шуд. Дигар модари тоҷик, зани тоҷик нони ҷуворӣ намепухт ва нони ҷавиро бо азоб омода намекард. Мағозаҳо пур аз нонҳои гуногун, бозорҳо пур аз орд гардид. Боварӣ ва умеди халқро тавонист ба тинҷию амонӣ, ба ёру ҷура, ба ҳамсоя ба ҳама ба миён биёрад. Пешвои мо бо омадани худ ба ҳар як хонадон хурсандӣ овард. Дастурхони мардум пур аз нозу неъмат гардид. Ҳама мушкилӣ аз байн рафтанд. Имрӯз дар ҳар хонадон аз як то ду мошини сабукрав меистад. (Мардум аз хушбахтӣ сухан мекарданд, ки ин хушбахтиро ба мо Эмомалӣ Раҳмон овард:)
Васфи ӯро менамоям, чунки ӯ арзанда аст,
Решаҳои кинаро аз хоки дилҳо кандааст.
Хизмати шоистае бар халқу миллат кард ӯ,
Мардумашро соҳиби бахту саодат кард ӯ (Саломуддини Раҳим).
Ман имрӯз чун як нафар шахси зиёи аз Президенти худ ифтихор дорам, аз зиндагӣ, аз тинҷиву амонии кишварам, аз ободию созандагиҳои Ватанам меболам. Хушбахт ва шукргузорам, ки чунин Шоҳи Одил, худодод нисбати халқаш дилсӯзу ғамхор ба мо офаридгор ато фармудааст.
Ман имрӯз чун модар бо дили пур захираи зимистон мекунам, барои тӯйи домодию арусии писару духтарам либоси домодӣ ва чодари арӯсӣ омода месозам. Наберагон бо хандаи тифлона даврони беғаш меронанд. Ҳар бегоҳ сари дастурхони пурнозу неъмат ҳама ҷамъ меоем.
Ҳама ин хушбахтиҳоро Пешвои муаззами миллат ҷавонии худро бахшида ба халқаш туҳфа намудааст. Чӣ гуна наметавон чунин мардонагиро надид ё чашм пӯшид. Инро нодида гирифтан курнамакист.
Қариб ҳамарӯза аз шабакаҳои интернетӣ баромадҳои мухолифини ҳукуматро дар барномаҳои алоҳидаи сохтаашон «Имрӯз”, “Ислон ТВ”, “Паём ТВ” ва суҳбатҳои алоҳидае, ки худашон ташкил мекунанд, мебинам. Баромадҳояшон танҳо иғво андохтан, мансабпарастӣ, бахилӣ асту бас. Ягон суханашон маънӣ надорад ҳама пучу сафсатаи холӣ. Мақсади онҳо ба даст овардани мансаб ва амалӣ намудани ниятҳои нопокашон мебошад. Барномаҳои худро дар оғоз ба дини мубини Ислом марбут сохта, баъдан ба ғайбату сиёҳкунӣ, туҳмат задан мегузаранд. Ҳол он ки дини мубини ислом ғайбат ва туҳмати ноҳақро гуноҳи азим меҳисобад. Инҳо ба ақидаи худашон «равшанфикрон» дини мубини исломро василаи истифодаи худ қарор додаанд. Мехоҳанд бо истифода аз ин амалашон ақидаи мардумро дигар намоянд ва мақсади нопоки худро ҷорӣ намоянд. Аммо одами босавод, бофаҳм агар ҳамаи суханони онҳоро аҳмият диҳат гайр аз ғарази нопок, бадбинӣ, туҳмату буҳтон чизе нест. Гуфтаҳои онҳо ҳеҷ асос надорад. Масалан дар суҳбатҳояшон мегӯянд: «шахсе ин хабарро ба мо гуфту аз гуфтани номаш худдорӣ кард. Ин далели овардаи онҳо хандаовар аст. Айб аст аз давлати хориҷа истода ватани худро танқид мекунӣ. Буданд одамоне,ки бо айби худ аз ватан баромада рафта, паноҳандаи дигар давлат шуданд. Аз дур дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва фарзандонашон чӣ туҳматҳо ва чӣ гапҳое мебофтанду мегуфтанд. Аммо вақте Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбари давлат онҳоро дар асоси Авфи Тиллои бахшид, суханонашон дигар шуд ва тариқи интернет баромад карда чунин суханонро ба забон оварданд: «Ман як дарахти хушки сари роҳи деҳаамро, Ватани азизам Тоҷикистонро ба сад давлати пешрафта иваз намекунам». Модом, ки чунин бошад чӣ даркор аст сиёҳ кардани давлати худ. Танҳо марди ҳақиқӣ метавонад чунин ашхосро бахшад. Ин ҷавонмардиро Пешвои муззами миллат карда тавонист. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти бузург аст ва дили бузург дорад. Ӯ ба ин бузургии худ тавонист Тоҷикистони ба хун оғуштаро, ки аз байн мерафт раҳо созад. Ва тоҷике, ки номи гурезаро гирифта буд ба кулбаи бобоӣ ба хонаи худашон баргардонад. Ӯ тавонист дастурхонеро, ки бо касофати ҷанги бародаркуш холӣ гашта буд, пурнозу неъмат гардонад. Аз баракаташ ҳар як хонадон пур аз ганҷ аст, пур аз файз аст. Пешвои миллати тоҷик тавонист бори дигар тоҷикро соҳиби Ватан, Парчам, Нишон, марз, Артиши миллӣ, забон, фарҳанг ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби қадр намояд. Ва ба шахсиятҳое, ки дар гузашта барои миллати тоҷик хизмат кардаанд, номи қаҳрамонӣ диҳад.
Ӯ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва олими барҷаста хуб медонад, ки агар хоҳанд давлатро аз байн баранд аввал ба забон, фарҳанг, либоси миллӣ ва маданияти он давлат таъсир мерасонанд. Барои ин мақоми забони давлатиро дар сатҳи аввал гузошт. Аз минбари баланди СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуд. (Ба ҷаҳониён маълум сохт, ки забоне бо номи забони тоҷикӣ ва давлате бо номи Тоҷикистон). Имрӯз баъзе миллату халқиятҳои дигар забони моро меомӯзанд ва ба он гуфтугӯ мекунанд. Ин ифтихори мардуми тоҷик аст. Ба хотири шинохти бештари таърихи тоҷикон ва милллати тоҷик чандин пешниҳодҳо дар СММ, Юнеско намудааст, ки аз тарафи дигар давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд. Ба модарону хоҳарон таъкид намуданд, ки муаррифгари либоси миллии тоҷикӣ, фарҳанги худ бошанд. Дар бозору кӯчаҳо баъзан занҳои сатрпӯш гаштааст, ки ин ба симои зани тоҷик, ба симои давлати мо зебанда нест,чунки ин чиз аз мо нест. Чаро зани тоҷик рӯ ба фарҳанги бегона меоварад ва ба ҷои либоси миллии тоҷикӣ, (рӯймоли тоҷикӣ, тоқӣ), ки ба зани тоҷик зебанда аст, чунин либос мепӯшад. Баъзе дар нохунак равшанфикрон аз куҷо дарк мекунанд, ки хатари ин сатру ҳиҷобпушӣ дар чист? Чункӣ онҳо ватандӯст нестанд, дилашон ба ин милллату давлат, сарзамин ва фарҳанги миллӣ намесӯзад. Хатари инро шахсе эҳсос мекунад, ки ин ватанро аз сифр обод карда, миллатро дубора соҳиби ин Ватану фарҳанг намуд.
Мухолифин тариқи шабакаҳои интернетӣ худро дилсӯз нишон дода, дар бораи муҳоҷират сухан мекунанд, гӯё мардуми мухоҷир дар азоб бошанд. Муҳоҷират дар ҳама давру замон буд. Дар даврони Шӯравӣ низ буд. Агар таҳлил намоед ҳатто шаҳрвандони давлатҳои пешрафта низ ба дигар давлатҳо ба муҳоҷират мераванд. Давлатдории баъзе кишварҳои пешрафта ва қафонмондаи ҷаҳонро ба давлати Тоҷикистон муқоиса намоед. Мебинед, ки мардуми баъзе он давлататҳо чи хел дар азобанд ва бинед, ки чи гуна Роҳбари давлати мо барои хушбахтию осудагии халқу ватанаш чи қадар заҳмат мекашад, ба дигар давлатҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.
Шукрона бояд кард, ки чунин Сарвари одил, дурандеш, дилсӯз ва ориф насиби мо гаштааст. Ва имрӯз мо тинҷу ором зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем. Нодида гирифтани заҳмату ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон носипосист.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони миллат, армони миллат, ганҷи миллат, роҳнамои миллат аст.
Сатторова Меҳрубон, роҳбари гурӯҳи вакили ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён