БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҒАЙРИНАВБАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДОИР ГАРДИД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Қубодиён маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

Дар кори маҷлис фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок дошта, маҷлисро  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  оғоз намуд.

Шарифзода Маҳмадаюб зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо дар назардошти дарки баланди масъулиятнокӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аъзо ва фаъолони ҲХДТ-ро   зарур аст, ки минбаъд низ вохӯриҳоро миёни  шаҳрвандон бештар доир намуда, барои ободонию созандагӣ ва шукуфоии Ватани азизи хеш саҳми арзандаи худро гузорем. Барои муайян ва ҳалли мушкилоти маҳал, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кӯшиш ба харҷ диҳем. Инчунин,  чанде аз масъулин фикру андешаҳои хешро  доир ба масъалаҳои  мубрами рӯз баён карда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки  дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg