БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

CАРОҒОЗИ ВАТАНДОРӢ МАҲАЛДОРИСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти чунин шиори ватандӯстона бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон   бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ  30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, муайян намудани ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Гули бодом”-и деҳаи Гули бодоми Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ доир карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ  зимни ибрози андешаи хеш оид ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  истифодаи оқилонаи ҳар як порча замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, аз ҷумла донагиҳо, бе зарурат нарафтан ба ҷойҳои сераҳолӣ, истифодаи ниқоб ва маводҳои антисептикӣ  дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  даъват намуданд.

Мардуми ноҳияи Ёвон, хосса иштирокдорони вохӯрии мазкур дар ҳама маврид сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос намуда, иброз намуданд, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ деҳаи хешро ободу зебо мегардонанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg