
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи ба номи Ф.Ғаниев баҳри пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин доир гардида, масъулин ба сокинон барои иҷро ва истифода ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои таблиғотиро дастрас карда, таъкид намуданд, ки татбиқи тавсияҳо барои ҳар як шахс судманд мебошад. Инчунин, намояндагони ҳизбӣ вобаста ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарзи ҷавонони худогоҳу худшинос мебошад, андешаҳои хешро баён дошта, аз падару модарон ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо намоянд.