ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов барои оғози таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ тасмим гирифта шудааст, ки ба 25 нафар кӯдакони синфи 1-ум аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа кумаки яквақтаина, аз қабили лавозимоти хониш ва ҷузвдон дастрас намояд.
Кӯдакон, ки ояндаи давлату миллатанд ҳамеша зери ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин аст, ки имрӯзҳо дар фазои тинҷию оромии кишварамон садои хандаи кӯдакони хуштолеъ садо медиҳад ва моро мебояд, ки барои ояндаи дурухшони фарзандонамон аз имрӯз камари ҳиммат баста, ба онҳо як давлату миллати бофарҳанг боқӣ гузорем, то ки аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд. Ин иқдоми нек аз ҷониби наврасону волидайни онҳо бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати ватандӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.