БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори ҶСК “Шабакаҳои барқи Ҷануб” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, Раёсат, вакилони гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Рӯзномаи маҷлис аз 2 масъала, дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ва даъвати Конференсияи XXII-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иборат буд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис дар бораи фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар муовини раиси гурӯҳи вакилӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Сафаров Тоҷиддин ҳисобот дода, гуфт, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар вакилони ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, таклифу пешниҳод ва баромадҳои ҷолиб менамоянд. Бояд гуфт, кори гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ба масъалаҳои марбут ба иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар маҳдуд нашуда, қисмати зиёди фаъолияти онҳо ба суҳбату вохӯриҳо дар миёни интихобкунандагонашон рабт мегирад. Саҳми вакилони гурӯҳи вакилӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело калон аст.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, узви гурӯҳи вакилӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста ба сухан баромада, доир ба фаъолияти гурӯҳи вакилӣ, сохтмонӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, омодагиҳои аъзои ҳизб ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ибрози назар карданд.
Пас аз муҳокимарониҳо маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қарорҳои дахлдор қабул намуда, мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Конференсияи XXII-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар рӯзи 17-августи соли равон дар шаҳри Бохтар даъват карда шуда, меъёри намояндагӣ аз 100 аъзои ҲХДТ як вакил муайян карда шуд.