БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  иштирок намуданд. Дар маҷлис масъалаҳои пешниҳодшуда баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маҷлиси  навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз рӯи се масъала, аз ҷумла  дар бораи омодагии сохторҳои ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ва даъвати Конференсияи 13-уми Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон доир гардида, масъалаҳои мазкур  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи  маҷлис муовини роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар ноҳияи Балҷувон Қурбонзода Носирҷон баромад намуда, ҷиҳати омодагии вакилон оид ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода  маълумоти муфасал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, дар идома  ҷиҳати баррасии дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис лоиҳаҳои қарор пешкаши иштирокчиён гардонида шуда, дар охир назорати иҷрои қарорҳои қабулгардида ба зиммаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон гузошта шуданд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзозода Исуф  баромад намуда,  иброз дошт, ки ҳама дар якҷоягӣ  баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва сазовор истиқбол намудани 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  талош варзида, дар корҳои созандагиву  бунёдкорӣ  ҳиссаи беназири хешро  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg