БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  пайравӣ  аз иқдомҳои неку ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  дар  ҳамкорӣ  бо  аъзои  гурӯҳи  вакилии  ҳизбӣ ва  фаъолони ташкилотҳои  ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ  дар кумаку дастгирии оилаҳои ниёзманд саҳм мегузоранд. Ин  иқдоми  ҳизбиён бо мақсади дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани  аксияҳои “Ниёзмандон зери таваҷҷуҳи ҲХД қарор доранд”,  “Ниёзмандонро  сарпаноҳ  мешавем” ва “Дар таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем” ба роҳ монда шудааст.  

Бо ин  мақсад фаъолони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каленин” оид ба маҳалли зист ба оилаҳои ниёзманду маъюб, сокинони  деҳаи ба номи Калинин кумак намуда, ба онҳо маводи хӯрока, либос ва маҳлулҳои антисептикию ниқобҳои муҳофизатии тиббиро барои пешгирии бемории сироятии  коронавирус  дастрас  гардониданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg