ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» чорабинии таблиғотӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рафти коргузорӣ, муқоисакунии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ”, пешбарии вакил ба Конфренсияи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур оид ба масъалаҳои ба миён гузошташуда масъулин муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияро зарур аст, ки шарҳу тавзеҳи дуруст ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба корҳои созандаву бунёдкорона раҳнамоӣ намудани халқ, кумаку мусоидат дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа ва тавассути фишангҳои ҳизбӣ таъмин намудани робитаи доимии мардумро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар тақвияти суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб мебошад. Дар ин раванд, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум, дар навбати аввал, вазифаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бошад 5 нафар вакил аз ташкилоти ибтидоии “ Маорифчиён” ба Конфренсияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзои ҳизб пешбарӣ гардиданд.