БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: МИЛЛАТЕ, КИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ, ТАЪРИХУ АДАБИЁТ, ЗАБОН, РАСМУ ОИН ВА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИАШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД, ИСТИҚЛОЛИЯТИ ХУДРО ПУШТИБОНӢ КАРДА НАМЕТАВОНАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур  намояндагони ҳизбӣ оид ба ҳолати  коргузорӣ, муқоисакунии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба нашрияҳои  ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва  пешбарии вакил ба Конфренсияи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баромад карданд.

Инчунин,  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда,  қайд карданд, ки нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ ба тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».Дар охир бошад як нафар вакил аз ташкилоти ибтидоии “Сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ ” ба Конфренсияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзои ҳизб пешбарӣ гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg