ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза аз ҳолати кор дар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Онҳо ҳангоми боздид аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони даҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули онҳо ҷиҳати рӯёнидани ҳосил баҳои баланд доданд.
Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза бармеояд, ки сокинони деҳа заминро манбаи асосии даромади худ дониста, аз он самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд. Махсусан аз заминҳои наздиҳавлигии худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон ба даст меоранд .
Дар суҳбати доирнамуда дар деҳаи Чанор зиёда аз 76 нафар соҳибхонаҳо иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо карданд.