ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо мақсади ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус Аксияи таблиғотии “хона ба хона” гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 98 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуданд.
Дар суҳбатҳои доирнамуда ба ҳозирин роҳҳои пешгирии ин бемории хавфноки сироятӣ фаҳмонида шуд.
Бо талаби соҳибхонаҳо аъзои гурӯҳ дар баъзе хонаҳо тарзи шустани дастон, бо намакоб ғарғара намудани даҳону бинӣ, тарзи истифодаи даҳонбанд ва дигар талаботҳои беҳдоштиро ба таври амалӣ нишон доданд.