БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ҲАМА МАСЪУЛЕМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Намояндагон дар суҳбату вохӯриҳо оид ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин самт имкон дод, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад.Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзҳои охир хуруҷи беморӣ пайваста коҳиш ёфта, шумораи шахсони табобатёфта меафзояд. Аммо сар задани мавҷи дуюмбораи ин беморӣ дар баъзе кишварҳо моро дар канор гузошта наметавонад ва водор месозад, ки баҳри пешгирӣ аз он масъул бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg