ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи ба номи Лоҳутӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагон доир гардид.
Масъулин дар вохӯриву суҳбатҳо оид ба чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи геигенаи оилавии худ ва дигаронро ҳифз намудан тавсияхо дода, таъкид доштанд, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи раҳнамоӣ намуда, кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя созанд.
Инчунин, дар суҳбат ба сокинон захира намудани маҳсулотҳои ғизоӣ ва дар заминҳои наздиҳавлигӣ машғул шуданро таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас намуданд.