БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст.  

Ҳадаф аз баргузории  аксияи мазкур пешгирӣ аз  паҳншавии бемории коронавируси навъи covid -19  буда, аз ҷониби масъулини ҳизбӣ ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд. Инчунин, дар баробари тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ  масъулин сокинонро таъкид карданд, ки ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя намояд. Ҳангоми  баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg