ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Акбар Шариф” бо истиқоматкунандагони маҳалла барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо ниқоби тиббӣ ва маводҳои таблиғотӣ бо андозаи гуногун тақсим карда шуд. Дар рафти суҳбат ба сокинон таъкид карданд, ки дар ин давраи мураккаби зиндагӣ набояд ба бепарвогӣ роҳ диҳанд, баръакс бо меҳнати софдилона, риояи тозагии маҳали зист ва шахсӣ муборизаи дастаҷамъона барем.