НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи СOVID-19 дар деҳаи Чал- Чали Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Зимни гузаронидани вохӯрӣ масъулини ба сокинон дастурҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ барои ҳар нафар ҳатмӣ ва зарур мебошад. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сокинон таъкид намуданд, ки ҳар порча замин манфиатбахш буда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва барои пешрафти буҷаи оила саҳмгузор бошанд заминҳои наздиҳавлигии худро оқилона ва самарнок истифода намуда, дар як сол 2-3 ҳосил ба даст биёранд.