МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи Ҷавонони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён аз ҷониби шахсони масъул ба миқдори 28 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, 40 дона маводҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.