![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200807_125406.jpg?itok=hbBrbZSD)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои тарғиботиву ташвиқоти миёни аҳолӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад.
Бо ташабусси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и шаҳри Кӯлоб дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Солими миллат- боигарии давлат" доир гардид, ки ба сокинон беш аз 500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.