КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Борбад" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Борбад" Зубайдова Ҷамила иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Фирӯзи Саидмуъмин баромад намуда, изҳор кард, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, бо ширкати фаъолона ва иқдому ташабуссҳои аъзо ва ҷонибдорони худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузошта истодааст.
Зубайдова Ҷамила дар навбати худ қайд дошт, ки солҳои охир ҲХДТ дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, натанҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби пешсафи мафкуравию идеявии ҷомеа мебошад.