![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200807_095930.jpg?itok=RsQTZtO6)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади коҳиш додани бемории сироятии коронавирус, ҷиҳати риоя ва истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, канораҷӯи намудан дар чорабиниҳои оммавӣ ва бо даст салом накардан, ки ин тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд, ба ҳамагон фаҳмониданд. Сипас, вобаста ба оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинон тавсияҳо доданд.