БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ КИШТИ ТАКРОРӢ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИАМОНРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати ба мардум фаҳмондани истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, дар деҳаи Заркорами Ҷамоати  деҳоти ба номи М.Вайсов гузаронида шуд.

Дар суӽбат аз рӯи усули “хона ба хона” ба сокинон риояи гигиенаи шахсӣ ба монанди шустани дастон, покиза намудани дастон бо маӽлулӽои антисептикӣ, инчунин пӯшидани ниқобӽои муҳофизатӣ дар ҷойӽои ҷамъиятӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  фаҳмонида шуда, қайд гардид, ки ба меҳнати софдилона машғул шуда, баҳри таъмини оилаи худ бо маҳсулотҳои тару тоза заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиву хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода намоянд.

Аз суҳбатҳои доирнамуда бармеояд, ки мардум аллакай вазъияти мураккаби дарпешистодаро ҳис намуда, дар заминҳои наздиҳавлигиашон тамоми анвои хӯрданиро кишту парвариш намудаанд.

Дар рафти корҳои оммафҳмонӣ, инчунин варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg