ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19 миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар рафти ин чорабинӣ бо сокинон оид ба пешгирии бемории нави коронавирус корҳои суҳбат карда шуда ба онҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хушк намудани меваҳои гуногун таъкид карда шуд. Инчунин, ба ҳар як нафари ҳамсуҳбат маводҳои иттилоттӣ тақсим карда шуд.