ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ занони хонанишини деҳаи Тугараки Ҷамоати деҳоти Тугарак аз маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти консервагиро бо риояи қоидаҳои санитарӣ омода ва захира намуда истодаанд, ки дар фасли сармо онҳо метавонанд дар рӯзгори ҳаррӯзаашон истифода баранд.
Рафти омода кардани маҳсулоти мазкурро гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз наздик дидан намуда, барои дигар занонро низ ҷалб намудан маслиҳатхои муфид доданд. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол барои омода намудани маҳсулоти консервагӣ дар ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Деҳқонон нархи помидорро аз 1,5 то 2.5 сомонӣ ба фурӯш бароварда, дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ дар бозорҳо арзон карда шудааст.